Тоҷикӣ

Хизматрасониҳои тарҷумаи шифоҳӣ ва хаттӣ аз/ба забони тоҷикӣ

«Eurasian Linguistics» ширкати универсалӣ буда, хизматрасониҳои тарҷумаи шифоҳӣ ва хаттӣ аз/ба забони тоҷикӣ, инчунин хизматрасониҳои мутобиқгардониро дар сатҳи касбӣ пешниҳод менамояд. Шабакаи коршиносони соҳаи забоншиносии ширкати мо аз 2000 нафар иборат аст. Ба туфайли ин мо сифати баланди тарҷумаи шифоҳӣ ва хаттӣ аз/ба забони тоҷикиро бо риояи муҳлатҳои муқарраргардида ва талаботи буҷети шумо кафолат медиҳем. Инчунин, ширкати мо хизматрасонии мутобиқгардонӣ ва тарҷумаи хаттӣ аз/ба дигар забонҳои сершуморро пешниҳод менамояд.

Ҳамзамон, шумо дилпур шуда метавонед, ки хизматрасонии тарҷума аз/ба забони тоҷикӣ мувофиқи стандартҳои баландарини сифат иҷро мегарданд, зеро Ширкати «Eurasian Linguistics» тибқи стандарти ISO 17100 (стандарти байналмилалии сифати пешниҳоди хизматрасониҳои тарҷумонӣ) пурра аккредитатсия шудааст.

Худи ҳамин рӯз ба рақами +44 (0)118 3800 432 занг занед ё тавассути суроғаи электронии ask@eurasianlinguistics.com муроҷиат кунед ва мо нархномаи хизматрасониҳои тарҷумаи шифоҳӣ ва хаттӣ аз/ба забони тоҷикиро ба шумо пешниҳод менамоем ё ба саволҳо дар мавриди пешниҳоди дигар хизматрасониҳо посух медиҳем.

Мо бо забони тоҷикӣ чунин хизматрасониҳоро пешниҳод менамоем:

Ин хизматрасониҳо дар мавриди дигар забонҳо ҳам дастрасанд.

Азбаски мо ҳангоми пешниҳоди хизматрасониҳои тарҷумаи шифоҳӣ ва хаттӣ аз/ба забони тоҷикӣ ба ҳар як мизоҷ таваҷҷуҳи инфиродӣ медиҳад, ширкати «Eurasian Linguistics»   метавонад хизматҳое, ки ба талаботи шумо ҷавобгӯ мебошанд, пешниҳод намояд, ба мисоли тарҷумаҳои махсуси тоҷикӣ, асосан дар соҳаҳои ҳуқуқӣ ва соҳибкорӣ. Илова бар ин, имкони хизматрасонӣ дар дигар соҳаҳо ҳам мавҷуд аст, масалан, ҳангоми зарурати пешниҳоди хизматрасониҳои тарҷумонӣ дар соҳаҳои тиб ва техника.

Ҳуқуқшиносӣ

Мутахассисони мо дар соҳаи тарҷумаи шифоҳӣ ва хаттӣ аз/ба забони тоҷикӣ ҷиҳати истифодаи истилоҳоти ҳуқуқии хусусияти маҳдуд тайёрии тахассусиро гузаштаанд. Ширкати «Eurasian Linguistics» маҷмуи васеи хизматрасонии тарҷумаи ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ ба забони тоҷикӣ (қарордодҳо, аризаҳои шоҳидон, ҳуҷҷатҳои бақайдгирии ширкатҳо, ваколатномаҳо, ҳуҷҷатҳои гуногун, ки ба соҳаи ҳуқуқи оилавӣ дахл доранд ва дигар намудҳои зиёди ҳуҷҷатҳо), инчунин тарҷума дар суд, тарҷумаи шифоҳӣ ва хаттӣ дар рафти мусоҳибаи шоҳидон, сабти хаттии суханони овозӣ ва муайян ва тасдиқ кардани саҳеҳ будани тарҷумаро пешниҳод менамояд.

Соҳибкорӣ

Азбаски ҳамаи экспертҳои забоншиноси мо таҷрибаю малакаи муносиб доранд, ширкати «Eurasian Linguistics» хизматрасониҳои тарҷумаи шифоҳию хаттӣ ва мутобиқгардонии ҳуҷҷатҳо ба забони тоҷикӣ, инчунин дигар хизматрасониҳоро дар ҳамин соҳа тибқи талаботи соҳибкорон – мизоҷони мо дар сатҳи баланд пешниҳод менамояд: тарҷумаи шифоҳӣ ва хаттии ҳуҷҷатҳои гуногун, аз ҷумла ҳисоботҳои молиявӣ, ҳисоботҳо дар бораи ҳолати бозор, ҳисоботҳои солона, протоколи маҷлисҳо, баёнияҳои матбуотӣ, мукотиботи электронӣ ва созишномаҳои гуногун аз/ба забони тоҷикӣ; пешниҳоди хизматрасониҳои тарҷумонӣ ҳангоми баргузории дидору мулоқотҳои гуногуни мизоҷон, маҷлисҳои директорон, конференсияҳо ва презентатсияҳо; муайян ва тасдиқ кардани саҳеҳ будани тарҷума.

 

Ширкати «Eurasian Linguistics» дар пешниҳоди хизматрасонии тарҷумаи шифоҳӣ ва хаттии соҳаҳои ҳуқуқӣ ва соҳибкорӣ, мутобиқгардонӣ тахассус дошта, дар дигар самту соҳаҳо низ хизматрасонии тарҷумаи шифоҳӣ ва хаттиро пешниҳод менамояд. Ширкати «Eurasian Linguistics» ҳисоботҳои тиббӣ, дастурамалҳои истифодаи таҷҳизоти нави техникӣ, брошюраҳо, шаҳодатномаи таваллуд, хатти никоҳ, хатти талоқ ва хатти вафотро тарҷума кардааст. Инчунин, ширкати «Eurasian Linguistics» хизматрасониҳои тарҷумаи маводи рекламавӣ ва маркетингӣ, брошюраҳои нигористони бадеӣ, матнҳои суханронӣ ҳангоми чорабиниҳои бошукӯҳ ва сенарияҳои баргузории маросимҳои бонуфузи мукофотониро пешниҳод намудааст.

Ширкати «Eurasian Linguistics» хизматрасониҳои дорои сертификатро дар соҳаи тарҷумаи шифоҳӣ ва хаттӣ аз/ба забони тоҷикӣ аз номи худ ё аз номи забоншиносони соҳибкасб дар ҳамин соҳа пешниҳод менамояд. Як қатор забоншиносони шабакаи мо тарҷумонҳои «доимӣ» ё «расмӣ» буда, ваколатдоранд тарҷумаи расмиро мувофиқи талаботи қонунӣ ё маъмурие, ки барои ҷои истиқоматашон муқаррар шудааст, пешнищод кунанд. .

Мо муносибатҳои шарикиро бо як қатор идораҳои нотариалӣ, аз ҷумла бо ширкати нотариалии воқеъ дар Лондон ба роҳ мондаем. Мо тасдиқи нотариалии ҳуҷҷатҳо ва хизматрасонии расмигардониро тавассути гузоштани апостил дар Вазорати корҳои хориҷӣ пешниҳод менамоем.

Ҳарчанд кори мо дар соҳаи тарҷумаи шифоҳию хаттӣ ва мутобиқгардонӣ бештар ба ҷуфти забонҳо вобаста буда, забони англисӣ дар ин миён таркиби асосӣ ба шумор меравад, вале аксар тарҷумонҳои мо бо дигар забонҳо ҳам кор карда метавонанд. Ҳамин тавр, ширкати «Eurasian Linguistics» метавонад тарҷумаи шифоҳӣ ва хаттии ҳуҷҷатҳо ва мутобиқгардонии онҳоро мувофиқи ҷуфти забонҳо, ки ба забони англисӣ вобастагӣ надоранд, таъмин намояд, яъне тоҷикӣ-русӣ ё франсузӣ-тоҷикӣ ва ғайра.

Ширкати мо шуморо дилпур месозад, ки амнияти маълумоту ҳуҷҷатҳоятон таъмин мегардад. Зеро ҳангоми кор мо барои таъмини ҳифзи пойгоҳи маълумот системаю технологияҳоро тибқи талаботи Регламенти умумии ҳифзи маълумот (GDPR) истифода мебарем. Ҳамаи мутахассисони мо уҳдадор мешаванд, ки созишномаи махфиятро имзо намоянд. Мо ҳамагуна талаботи махфиятро риоя мекунем.

 

Худи ҳамин рӯз ба рақами +44 (0)118 3800 432 занг занед ё тавассути суроғаи электронии ask@eurasianlinguistics.com муроҷиат кунед ва мо нархномаро ба шумо пешниҳод менамоем ё шартҳои пешниҳоди хизматрасониҳои тарҷумаи шифоҳӣ ва хаттӣ аз/ба забони тоҷикӣ, хизматрасониҳои мутобиқгардонӣ ва тарҷумаи ҳуҷҷатҳоро тибқи талаботи пешниҳодшаванда баррасӣ менамоем.

GET IN TOUCH

Please drop us a line to get a bespoke quote or request a callback to discuss your translation / interpreting needs.

CONTACT US